LIVE

Чемпиони Тоҷикистон ба вилояти Суғд ҳозир шуд

Чемпиони феълии Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба вилояти Суғд ҳозир шуд. Ҳайати намояндагии “Истиқлол” дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон ҷойгир мешавад. Имрӯз бошад, соати 18:00 дастаи “Истиқлол” нахустин тамрини худро ҷиҳати омодагӣ ба бозии мазкур доир менамояд. Дар ин бозӣ ситоди мураббиёни “Истиқлол” ҳамаи он бозингаронеро, ки барои иштирок дар ин мусобиқа номнавис шуданд, ҳамроҳ гирифтаст. Бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО байни “Хуҷанд” ва “Истиқлол” рӯзи 19 июн, соати 17:30 дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад. Бозиро ҳайати доварон бо роҳбарии сардовар, рефери ФИФА Алӣ Шабан аз давлати Қувайт ҳакамӣ мекунанд.

Ҳайати «Истиклол» дар бозии Ҷоми КФО -2019 бо «Хуҷанд»:
дарвозабонҳо: Никола Стошич, Рустам Ятимов;
Муҳофизони: Ҷалил Кимсанов (Ӯзбекистон), Алексей Ларин (Украина), Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров, Табрези Давлатмир;
Ниммуҳофизон: Нуриддин Давронов, Михайло Сакич (Сербия), Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов;
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов, Руслан Корян (Арманистон).
Сармураббӣ - Ҳаким Фузайлов (Руссия).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив