LIVE

Мухлисон ба бозии “Истиқлол” ва “Хуҷанд” роҳ дода намешаванд

Бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бидуни мухлис баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи расмии ФФТ.
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ аз бемории коронавирус, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки бозии мазкур бидуни мухлис баргузор карда шавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ намуда, бозии ду бошгоҳи ватаниро дар Ҷоми КФО-2020 бидуни мухлис баргузор мекунад.
Мухлисон ва ҳаводорон имкон доранд, ки дидори мазкурро тавассути шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” мустақиман тамошо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бозии мазкур санаи 11-уми март соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив