Бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо миёни тимҳои «Бавария» ва «Копенгаген» дар варзишгоҳи «Алянс-Арена»-и Олмон доир гардида, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.
Дар бозии сипаришуда бозигарони «Копенгаген» бештар аз «Бавария» корти зард гирифтанд — 2:1 аз рӯи ин нишондод. Ҳамчунин тими даниявӣ шумораи бештари зарбаҳои мустақимро дар қиёс ба олмониҳо ҷониби дарвоза равон намуд — 3:2.
«Бавария» аллакай соҳиби роҳхати марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо буда, тими олмонӣ баъди панҷ бозӣ 13 хол дорад. Зердастони Томас Тухел ба ҳар ҳол тибқи натиҷагирии бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар зинаи аввали гурӯҳи А қарор мегиранд. «Копенгаген» бошад баъди панҷ бозӣ соҳиби панҷ хол буда, дар зинаи дуюми гурӯҳ мебошад.
Лигаи чемпионҳо. Гурӯҳи A. Даври 5-ум. 30-юми ноябри соли 2023, чоршанбе. 01:00 ДШБ
Бавария (Мюнхен, Олмон) 0 : 0 Копенгаген (Копенгаген, Дания)