LIVE

Натиҷаи қуръакашии даври чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо

Имрӯз, 15-уми март дар шаҳри Нйони Швейтсария маросими қуръакашии марҳилаҳои 1/4 ва 1/2 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои мавсими 2023/24 баргузор шуд.
Пас аз натиҷаи қуръакашӣ дастаҳои “Арсенал” бо “Бавария”, “Атлетико” бо “Боруссия”, “Реал” бо “Манчестер Сити” ва “ПСЖ” бо “Барселона” бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввали даври чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 9-ум ва 10-уми апрел ва бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ 16-ум ва 17-уми апрел баргузор мешаванд.
Бозиҳои аввали даври ниманиҳоӣ рӯзҳои 30-юм апрел ва 1-уми май ва бозиҳои ҷавобии нимфинал рӯзҳои 7 –уми ва 8 –уми май баргузор мешаванд.
Бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар соли 2024, 1-уми июн дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и шаҳри Лондон баргузор мешавад. Қаҳрамони қаблии мусобиқа дастаи “Манчестер Сити” маҳсуб мешавад.
Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ¼-ниҳоии Лигаи чемпионҳо:
«Арсенал» (Англия) – «Бавария» (Олмон)
«Атлетико» Мадрид (Испания) - «Боруссия»-и Дортмунд (Олмон)
«Реал Мадрид» (Испания) - «Манчестер Сити» (Англия)
«ПСЖ» (Фаронса) - «Барселона» (Испания)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив