LIVE

Натиҷаи қуръакашии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо

Дар шаҳри Нйони Швейтсария қуръакашии даври ¼  ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими солҳои 2021/2022 баргузор шуд.
Натиҷаи қуръакашии ¼  ниҳоӣ: 
«Челси» (Англия) — «Реал» (Испания);
«Манчестер Сити» (Англия) — «Атлетико» (Испания);
«Вильярреал» (Испания) — «Бавария» (Олмон);
«Бенфика» (Португалия) — «Ливерпул» (Англия).
Бозиҳои эҳтимолии нимфинал низ муайян шуданд: ғолиби “Манчестер Сити” ва “Атлетико” бо ғолиби “Челси” бар “Реал Мадрид” бозӣ мекунад;
Ғолиби ҷуфти “Вилярреал” – “Бавария” бо ғолиби ҷуфти “Бенфика” – “Ливерпул” бозӣ мекунад.
Бозиҳои аввали 1/4 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо рӯзҳои 5 ва 6 апрел баргузор мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 12 ва 13 апрел ба нақша гирифта шудаанд.
Бозии ҳалкунандаи Лигаи қаҳрамонҳо дар мавсими 2021/2022 рӯзи 28-уми май дар варзишгоҳи “Стад де Франс” баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив