LIVE

Ҳамаи иштирокчиёни даври 1/4 ниҳоии Лигаи чемпионҳо муайян шуданд

Ҳамаи дастаҳое, ки дар даври чорякфиналии Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ мекунанд, муайян шуданд.

Бавария Мюнхен, Манчестер Сити, Бенфика, Челси, Атлетико Мадрид, Вилярреал, Ливерпул ва Реал Мадрид.

Қуръакашии бозиҳои чаҳорякниҳоӣ ва ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо 18 март дар шаҳри Нйон баргузор мешавад. Бозиҳои аввали чорякфинал рӯзҳои 5 ва 6 апрел баргузор мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 12 ва 13 апрел ба нақша гирифта шудаанд.

Бозии ҳалкунандаи Лигаи қаҳрамонҳо дар мавсими 2021/2022 28 май дар варзишгоҳи “Стад де Франс”-и Сен-Дени баргузор мешавад. Нахуст бозии ниҳоии мусобиқот мебоист дар Санкт-Петербург дар варзишгоҳи "Газпром Арена" баргузор мешуд.

Агар дар вақти асосӣ натиҷа мусовӣ шавад, дастаҳо ду қисми иловагӣ (15 дақиқаӣ) бозӣ мекунанд. Агар дар охири онҳо ғолиб маълум нашавад, сарнавишти Ҷом дар зарбаҳои пеналтӣ муайян хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив