LIVE

“Манчестер Сити” ва “Челси” дар финали Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ мекунанд

Дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, “Челси” бар “Реал Мадрид” ғалаба кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Дар Мадрид натиҷаи  мусовӣ 1:1 ба қайд гирифта шуда буд. 
Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо, ки 29 май дар варзишгоҳи “Отатурк”-и  Истамбул баргузор мешавад, ду клуби англисӣ – “Манчестер Сити” ва “Челси” бозӣ хоҳанд кард.
“Манчестер Сити” дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бар “Пари Сен-Жермен” пирӯз шуд. Дар се мавсими охир бори дуюм аст, ки дастаҳои англисӣ дар финал бозӣ мекунанд. Ду сол қабл “Ливерпул” ва “Тоттенхем” дар даври ниҳоии ин мусобиқа қарор гирифта буданд.
Ғолиби феълии Лигаи қаҳрамонҳо “Бавария” мебошад, ки дар бозии ниҳоии “ ПСЖ”-ро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив