LIVE

Муваффақияти таърихии мураббиёни олмонӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо

Дар Лигаи қаҳрамонҳо пас аз бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоӣ дастоварди беназир ба қайд гирифта шуд. Бори аввал дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳо чаҳор мураббӣ аз як кишвар ба чорякфинал баромаданд, ки инҳоянд  - Эдин Терзич “Боруссия Д”, Юрген Клопп “Ливерпул”, Томас Тухел “Челси” ва Ҳанс-Дитер Флик “Бавария”мебошанд. Чунин ҳолат дар таърихи Лигаи Чемпионҳо бесобиқа номида мешавад. “Рӯзи 19 март дар шаҳри Ниони Швейтсария қуръакашии даври чорякниҳоӣ ва нимфиналӣ баргузор мешавад. Ғолиби феълии мусобиқа “Бавария” мебошад, ки дар бозии ниҳоии соли 2020 дар бозӣ бар “ПСЖ”-и Фаронса бо ҳисоби 1: 0 ғолиб омада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив