LIVE

“ПСЖ” дар бозӣ бо “Бавария” дастоварди таърихиро ба қайд гирифт

Дар бозии дуввуми даври ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА тими “Пари Сен-Жермен” дар майдони худ “Бавария”-и Мюнхенро қабул кард. Вохӯрӣ дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд ва бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Вохӯрии аввал бо пирӯзии дастаи Париж бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Ҳамин тариқ “ПСЖ” аз ҳисоби голҳои дар сафар задааш ба нимфинали мусобиқа баромад ва “Бавария” ҳунарнамоии хешро дар ин мусобиқа ба анҷом расонид. Тибқи иттилои сомонаи расмии УЕФА бори аввал дар таърих чунин шуд, ки қаҳрамони феълӣ дар плей-офф аз финалисти мавсими гузашта мағлуб гардид. Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои соли 2020 “Бавария”- “ПСЖ”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА, Парижҳо бо ғолиби ҷуфти "Манчестер Сити" - "Боруссия" Дортмунд бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив