LIVE

Нишондоди ғайри қаноатбахши Роналду баъд аз 15 сол

Дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, “Ювентус” дар майдони худ "Порту" -ро қабул кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Вохӯрии якуми даста бо пирӯзии “Порту” бо ҳисоби 2:  хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, ҳисоби умумӣ 4:4 гардид, ки дастаи португалӣ аз ҳисоби 2 голи дар сафар задааш, ба даври дигар баромад. Ҳамлагари "Ювентус" - Криштиану Роналду аз соли 2006 дар ду мавсим пай дар пай бори аввал ба даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ наёфт. Бори охир чунин нишондодро ӯ замони бозӣ кардан дар “Манчестер Юнайтед” ба қайд гирифта буд. Дар мавсими солҳои 2004/05 даста натавонист марҳилаи 1/8 финалро паси сар кунад ва дар мавсими оянда “девҳои сурх” аз гурӯҳ баромада натавониста буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив