LIVE

“Манчестер Юнайтед” рекорди 55 солаи худро иваз кард

Дишаб дар Лигаи Аврупо бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” дар 55 соли охир калонтарин ғалабаи худро дар мусобиқоти аврупоӣ ба даст овард. Девҳои сурх бори охир 12-уми майи соли 1965 дар даври ¼ ниҳоии як мусобиқоти аврупоӣ  бо ҳисоби бузург тими “Страсбург”-и Фаронсаро шикаст дода буданд. Ин аввалин вохӯрии дастаҳо дар доираи мусобиқаҳои аврупоӣ будДар бозии нахустини даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо дастаи “Манчестер Юнайтед” дар сафар тими “ЛАСК”-и Австрияро шикаст дод. Бозӣ бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи меҳмонон ҷамъбаст шуд. Одион Игало (28), Даниэл Ҷеймс (58), Хуан Мата (82), Мейсон Гирнвуд (90+2) ва Андреас Перейра (90+3) муаллифи голҳои меҳмонон шуданд. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо 20-уми март дар “Олд Траффорд” сурат мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив