LIVE

Ғалабаи мушкили «Манчестер Юнайтед» бар «Вулверхэмптон»

Дар бозии дуюми даври сеюми Ҷоми Англия «Манчестер Юнайтед» дар хонааш бар тими «Вулверхэмптон» (1:0) ғолиб омада, ба даври навбатии ин мусобиқот роҳ ёфт. Ягона голи пирӯзиоваро Хуан Мата дар пайти дуюми бозӣ ба самар расонид. Бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби мусовии (0:0) ба анҷом расида буд.  Ин аввалин ғалабаи девҳои сурх бар дастаи «Вулверхэмптон» сар аз соли 2012 маҳсуб мешавад. Дар навбати худ гургҳо “МЮ”-ро дар «Олд Траффорд» давоми 11 вохӯрӣ шикаст дода наметавонанд.  
Дар даври 23-юми Премйер лиги Англия «Ливерпул» ва «Манчестер Юнайтед» ба ҳам меоянд. Ин бозӣ рӯзи 19 –уми январ дар «Энфилд» сурат мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив