LIVE

«Ман Сити» дар дербии Манчестер шикаст хӯрд

«Манчестер Сити» дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми лигаи Англия аз «Манчестер Юнайтед» шикаст хӯрд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Иттиҳод» сурат гирифта, бо ҳисоби 0 бар 1 ба суди девҳои сурх хатм шуд. Муаллифи ягона голи ин рақобат ниммуҳофизатгари меҳмонон - Неманя Матич гардид. Дар қисми дуюми рақобат Матич корти сурх гирифту майдонбадар шуд.  Шогирдони Пеп Гвардиола дар дидори аввал бо ҳисоби 1 бар 3 ғалаба намуда буданд. Аз рӯи натиҷаи ду бозӣ «Манчестер Сити»  ба финал роҳ ёфт. Дар бозии ниҳоии Ҷоми лигаи Англия «Манчестер Сити» бо «Астон Вилла» рақобат хоҳад кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив