LIVE

“Астон Вилла” ба финал баромад

Дидори ҷавобии  дастаҳои “Астон Вилла” ва “Лестер Сити” дар доираи рақобатҳои даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи  Англия ҷолиб сурат гирифт. Дар ин нерӯсанҷӣ “Астон Вилла” бо бартарии 2 бар 1 пирӯзиро ба даст овард. Дар дақиқаи 12-уми қисми аввали дидор Мэт Таргет ҳисоби бозиро кушода, мизбононро ба пеш баровард. Дар қисми дуюми бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 72-юм Келичи Ихеаначо таносубро баробар кард. Нуқтаи ниҳоиро дар дидори мазкур Маҳмуд Ҳасан дар дақиқаҳои иловагии қисми дуюм гузошт.  Бо ҳамин дастаи “Астон Вилла”  бори аввал пас аз соли 1996 ба финали Ҷоми лигаи Англия роҳашро ҳамвор сохт. Дидори дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Манчестер Сити», ки имшаб баргузор мегарданд, рақиби “Астон Вилла”-ро  дар даври ниҳоии ин мусобиқот  муайян хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив