LIVE

Охирин иштирокчии ПЛА муайян шуд

Дар гаронарзиштарин финали футболӣ "Астон Вилла" бо "Дерби Каунти" рақобат кард. Ду футболбози дастони "Челси" Френк Лемпард ва Ҷон Терри, ки яке сармураббии "Дерби Каунти" ва дигаре ёвари сармураббии "Астон Вилла" ҳастанд барои роҳхати Премйер-лига бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. "Астон Вилла" дар дақиқаи 44-уми дидор бо голи задаи Анвар Эл-Газӣ пешсаф гардид. Дар қисмати дуюм бошад, Ҷек Макгинн натиҷаро дучанд намуд. Нӯҳ дақиқа мондан то хотимаи дидор Уогҳорн бо голи задаи худ "Дерби" - ро ба бозӣ баргардонид. Бозӣ бо натиҷаи 2-1 ба фоидаи" Астон Вилла" хатм шуд ва ин даста дар баробари роҳхат боз соҳиби 220 млн евро гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив