LIVE

Иродаи қаҳрамонии "Ливерпул" дар Бирмингем


Дастаи "Ливерпул" дар вохӯрии даври 11-уми Премер Лигаи Англи "Астон Вилла"-ро дар Вилла Парк шикаст дод. Шогирдони Юрген Клоп дар ин рақобат хаслату хӯи ба бозӣ баргаштани хешро нишон дода, баъди натиҷаи 1:0 ду тӯб ба дарвозаи мизбонон заданд. Нахустиншуда Маҳмуд Ҳасан дар дақиқаи 21-ум ҳисобро боз кард. Ба меҳмонон имкон шуд, дар поёни рақобат бо голҳои Эндрю Робертсон (87) ва Садио Мане (90+4) ғалаба намоянд. Дар миёнаи ҳафта ҳам мерсисайдиҳо як бозии драматикиро муқобили "Арсенал" дар доираи Ҷоми Лигаи Англия нишон дода, дар охир дастболо шуданд. "Ливерпул" бозиҳои мавсими имсолаи мусобиқаро бе бохт идома дода, бо ин ғалаба 31 имтиёз ба даст овард ва дар ҷойи аввал мавқеъи хешро мустаҳкам намуд. Дар даври 12-ум "Ливерпул"-ро дар "Энфилд" бозии мушкили мавсим бо "Манчестер Сити" интизор аст. Воқеъан дар бозии дигар ҳамзамон "МС" низ бо чунин саранҷом бар "Саутҳэмптон" (2:1) пирӯзӣ ба даст овард ва бо ин аҳамияти бозии баъдиро, ки миёни ду ин мудаъии унвони қаҳрамонӣ сурат мегирад, барҷаста кард. Агар "Манчестер Ситӣ" дар сафао ғалаба ба даст оварад, фарқи миёни онҳо танҳо се имтиёзро ташкил хоҳад дод ва бори аввал "Ливерпул" дар хонаи худ талхии бохтро мечашад. Дар ҳоли акс шояд тақдири дастаи қаҳрамон ҳам дар бозии оянда ҳал мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив