LIVE

Дар дербии Манчестер 4 гол зада шуд

Дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми лигаи Англия «Манчестер Юнайтед» дар варзишгоҳи маъруфи «Олд Траффорд» аз «Манчестер Сити» бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд. Бернарду Силва дар дақиқаи 17-уми бозӣ ҳисобро кушод.  Дар миёнаи пайти аввали дидор Риод Маҳрез шумораи голҳои меҳмононро ба ду расонид. Бо гузашти чанд дақиқаи дигар ниммуҳофизатгари «Манчестер Юнайтед» Андреас Перейра бидуни интизор тӯбро вориди дарвозаи тими хеш сохта, ҳисоб 0 бар 3 гардид. Дар қисми дуюми рақобат Маркус Рашфорд ба задани як голи шармшикан даст ёфт. Бозии ҷавобии даври нимниҳоии «Манчестер Сити» ва «Манчестер Юнайтед» рӯзи 29-уми январ дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив