LIVE

Мусовии «Арсенал» бо «Манчестер Юнайтед»

Дар бозии марказии даври 7-уми ПЛА дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Арсенал» вориди майдони рақобат шуданд. Набарди тимҳо ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар охири қисми аввали бозӣ ниммуҳофизатгари мизбонон Скотт Мактоминей ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 58-ум бошад, ҳамлавари габонии “Арсенал” - Пйер-Эмерик Обамеянг ҳисобро баробар кард. Баъди ин бозӣ «Манчестер Юнайтед» бо касби 9 имтиёз дар ҷои 10-уми ҷадвал қарор дорад. Тими “Арсенал” бошад, бо доштани 12 хол дар мавқеи ҳамешагии хеш яъне ҷои 4-ум ҷой дорад. 
Чемпионати Англия
Премйер-лига
Даври 7-ум
«Манчестер Юнайтед» — «Арсенал» — 1:1 (1:0)
Голҳо: Мактоминэй, 45 (1:0). Обамеянг, 58 (1:1).
«Манчестер Юнайтед»: де Хеа, Янг, Линделеф, Магуайр, Туанзебе, Мактоминэй, Погба, Лингард (Фред, 74), Перейра (Гринвуд, 74), Джеймс, Рэшфорд.
«Арсенал»: Лено, Чемберс, Давид Луиз, Папастатопулос, Колашинатс, Пепе (Нелсон, 74), Ҷака, Гендузи, Торрейра (Себалйос, 55), Сака (Уиллок, 80), Обамеянг.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив