LIVE

Кӣ ғалаба кард? - Артета ё Сулшер

Дар бозии марказии даври 21-уми ПЛА «Арсенал» дар варзишгоҳи худ «Манчестер Юнайтед»-ро шикаст дода, аз моҳи октябр инҷониб аввалин ғалабаи хонагии худро ба қайд гириф. Лондониҳо голҳои худро дар қисми аввал ба самар расониданд. Николя Пепе дар нафасҳои нахустини бозӣ кунҷи дарвозаи девҳои сурхро нишон гирифт ва ҳисобро боз кард. Голи дуюми худро «Арсенал»  дар дақиқаҳои охири қисми аввали рақобат ба самар расонид. Дар дақиқаи  42-юми дидор, баъд аз зарбаи кунҷи тӯбро дарвозабон Давид де Хеа баргардонид, ки Сократис Папастатопулос дар кӯшиши дуюм онро ба дарвозаи меҳмонон таслим сохт. Баъд аз ин ғалаба бошгоҳи лондонӣ ба зинаи 10-уми ҷадвали умумии ПЛА баромад. «Манчестер Юнайтед» бо 31 хол мақоми 5-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив