LIVE

Дар дербии шаҳри Лондон ғолиб муайян нашуд

Дар даври 4-уми ПЛА рақобати марказӣ ин набарди бошгоҳҳои “Арсенал” ва “Тоттенхэм” дар дербии шаҳри Лондон ба шумор мерафт. Бозии тимҳо дар варзишгоҳи соҳибноми “Эмирейтс” баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Голи нахустини бозиро дар дақиқаи 10-ум Кристиан Эриксен ба ҳадаф расонид. Дар нафасҳои охири қисми аввали дидор Ҳарри Кейн аз зарбаи ҷаримавии 11 метра тӯби дуюми тимашро ба самар расонид. Дар дақиқаҳои илованамудани пайти нахусти вохӯрӣ Александр Ляказетт ҳисобро 2:1 кард. Дар дақиқаи 71-уми майдондорӣ ҳамлавари габонии “тӯбчиҳо” Пйер-Эмерик Обамеянг тӯби дуюми “Арсенал”-ро муаллифӣ намуда, дастаашро аз бохт наҷот дод. Баъди сипаришудани 4 давр “Арсенал” бо дарёфти 7 хол дар зинаи 5-уми ҷадвал қарор дорад. “Тоттенхэм” бошад, бо касби 5 имтиёз дар ҷои 9-ум мавқеъ касб намудааст.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив