LIVE

Manchester is red

Бозии марказии даври 16-уми Лигаи бартари футболи Англия миёни ду дастаи шаҳри Манчестер бо ҳисоби 1 бар 2 ба фоидаи шогирдони Оле-Гуннар Сулшер хотима ёфт.
Дар қисми якум дастаи меҳмон бо кӯшиши Маркус Решфорд дар дақиқаи 23-юм аз пеналтӣ ба пеш баромад. Ҳамлагари дигари тим Антони Марсял бартарии дастаашро бо гузораи 6 дақиқа дуболо кард. Ҳарчанд баъд аз ин то анҷоми бозӣ шогирдони Гвардиола ҷониба дарвозаи Давид де Хеа 21 зарба зада бошанд ҳам, вале натавонистанд дар дерби пирӯз шаванд. Ягона голи мизбонон ба номи Николас Отаменди навишта шуд.
“МЮ” пас аз ин пирӯзӣ ба ҷойи 5-уми ҷадвали мусобиқа баромад.  Фарқият байни “Ливерпул” ва “МанСити”, ки ду муддаи аслӣ баҳри қаҳрамонӣ дониста мешаванд, акнун ба 14 хол расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив