LIVE

Аввалин дубли Пепе

"Арсенал" дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дастаи "Витория"-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамлагар Николя Пепе аз зарбаи ҷаримавӣ ба задани ду гол даст ёфт. Ин аввалин дубли Пепе дар ҳайати "Арсенал" ба ҳисоб меравад. Дар 9 дидори чемпионати Англия Пепе танҳо як гол ба самар расонидааст. Ёдовар мешавем, ки Николя тобистони ҳамин сол аз "Лилл" ба "Арсенал" гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив