LIVE

Салоҳ "Ливерпул"-ро тарк мекунад

Роҳбарияти дастаи “Ливерпул” нақша дорад, ки Муҳаммад Салоҳро фурухта, ба ҷояш ҳамлавари дастаи “Лилл” – Николя Пеперо ҳаридорӣ кунад. Бошгоҳи англисӣ аллакай ба суроғаи “Лилл” барои харидории Пепе мактуби расмӣ равон намудаас ва то ҳол ҷавобашро инизор аст. Дар сарчашма гуфта шудааст, ки вақтҳои охир муносибати Салоҳ бо сармураббии даста Юрген Клопп сард шудааст. Аз ҳамин лиҳоз мутахассиси олмонӣ омода аст, ки бо ҳамлавари  27 солаи мисрӣ шартномаро қатъ кунад. Дар мавсими гузашта, Пепеи 24 солаи фаронсавӣ дар 41 бозӣ вориди майдон шуда, 22 гол ва 11 паси головар анҷом додааст. Салоҳ бошад, дар 52 бозӣ 27 маротиба дарвозаи рақибонро рахна кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив