LIVE

Мбаппе дар Лигаи чемпионҳо рекорди таърихӣ гузошт

Дар бозии аввали даври чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо “Бавария” дар майдони худ “Пари Сен-Жермен”-ро қабул кард. Бозӣ бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ - Килиан Мбаппе дубл кард ва як голи дигарро Маркинос ба самар расонид. Тибқи иттилои UEFA, ҳамлагари бошгоҳи шаҳри Париж Килиан Мбаппе дар ин бозӣ рекорди Лигаи чемпионҳоро гузошт. Ҳамлагари фаронсавӣ нахустин футболбоз дар таърих гардид, ки дар даври 1/8 ва ¼ ниҳоӣ Лигаи чемпионҳо дар сафар 5 гол задааст. Бозии ҷавобӣ миёни “ПСЖ” ва “Бавария“ 13-ум апрел дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и  Париж баргузор мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив