LIVE

Винисиус рекорди Какаро дар Лигаи чемпионҳо шикаст

Ҳамлагари “Реал Мадрид” - Винисиус Жуниор рекорди футболбозони Бразилияро дар Лигаи қаҳрамонҳо нав кард.
Винисиус дар бозии аввали даври 1/4 ниҳоӣ бо “Ливерпул” (3:1) дубл кард ва ҷавонтарин бозигари бразилӣ шуд (20 солу 268 рӯз), ки дар марщилаи  плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳо ду гол задааст. Бо ин шинондод рекорди Какаро (21 солу 336 рӯз), ки соли 2004 гузошта буд, иваз кард. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Винисиус аввалин футболбози соли таваллуди 2000-ум будааст, ки дар даври ¼ ниҳоӣ Лигаи Чемпионҳо гол задааст.
Дар бозии аввали даври ¼ ниҳоӣ Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, “Реал Мадрид” дар майдони худ бо “Ливерпул” бозӣ кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Алфредо ди Стефано баргузор гардид ва бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив