LIVE

Винисиус: Перес мухлиси ашаддии ман аст

Ҳамлагари “Реал Мадрид” - Винисиус Жуниор иқрор кард, ки ҳамеша мехоҳад дар клуби испанӣ бозӣ кунад. 
«Флорентино Перес  мухлиси ашаддии ман аст. Ин эътимоди маро боз ҳам бештар месозад. Ман ҳамеша мехоҳам дар “Реал Мадрид” бозӣ кунам. Барои ба ҳайати беҳтарин дастаи ҷаҳон шомил шудан, ман талошҳои зиёд кардам. Ман 20-сол дорам ва ин оғози корномаи ман аст. Бозӣ дар “Реал” масъулияти калонро талаб мекунад, аммо ман барои кӯмаки даста омодаам ”, иқтибос меорад Винисиус ба саҳифаи TNT Sports.
Винисиус тобистони соли 2018 аз “Фламенго” ба “Реал Мадрид” пайваст. Маблағи трансфер 45 миллион евроро ташкил додааст. Мавсими имсола ҳамлагари 20-сола дар 17 бозии Ла Лигаи Испания ширкат варзида, 2 гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив