LIVE

Ҳамлагари "Реал" имкон дошт, ки бозигари “Барса” шавад, аммо...

Ҳамлавари 19 солаи бразилии бошгоҳи “Реал” - Винисиус Жуниор мегуяд, ки чаро “Реал”-ро интихоб карду “Барса”-ро не.

"Ин баъди Чемпионати Амрикои Ҷанубӣ U17 дар соли 2017 дар Чили рух дод. Аллакай дар ВАО хабари гузариши ман ба “Реал” ва “Барса” паҳн шуда буд, аммо худи ман ба ин гузариш ҳеҷ гоҳ боварӣ надоштам. Ниҳоятан ҳардуи ин даста ба ман пешниҳоди шартнома намуд ва барои қарор баровардан ба ман се рӯз муҳлат доданд. Ман мехостам, ки ҳамеша дар бошгоҳи бузург бозӣ кунам ва аз ҳамин лиҳоз “Реал”-ро интихоб кардам. Волидонам ба ман ҳарду бошгоҳро таъриф намуданд, аммо онҳо низ бештар тарафдори “Реал” буданд,”- мегӯяд Винисиус Жуниор.

Ёдовар мешавем, ки Жуниор соли 2018 бо арзиши 60 млн евро ба “Реал” гузариш намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив