LIVE

Винисиус рекорди Мессиро иваз кард

Ҳамлагари «Реал» - Винисиус Жуниор ҷавонтарин бозигаре гардид, ки дар «Эл-Класико» ба задани гол даст ёфт. 
Форварди бразилӣ дар даври 26-уми Чемпионати Испания, ки «Реал» дар майдонаш «Барселона»-ро истиқбол гирифт, Винисиус дар дақиқаи 71-уми рақобат ҳисобро кушод. 
Ҳамлагари ҷавони мадридиҳо рекорди бозигари «Барселона» - Лионел Мессиро шикаст. Винисиус дар ҳоле ба задани гол мушарраф шуд, ки 19 солу 233 рӯз дошт. Месси бошад, голи худро дар «Эл-Класико» дар 19 солу 259 рӯзи зиндагиаш ба қайд гирифта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив