LIVE

Мбаппе аз Месси пеш гузашт

Дар бозии  ҷавобии Лигаи чемпионҳо  “ПСЖ” бо  “Барселона”   мусовӣ кард. Дар дақиқаи 31-уми бозӣ Килиан Мбаппе  аз пеналтӣ ба задани гол даст ёфт.  Баъди ин голи задааш  ҳамлагари фаронсавӣ  аз дастоварди   форварди “Барселона” Лионел Месси  пеш гузашт.   Мбаппе  ҷавонтарин футболбоз дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳо гардид, ки  ба задани 25 гол даст ёфтааст. Месси  ин натиҷаро дар 22 солу 286 рӯзияш нишон дода буд. Мбаппе бошад, дар 22 солу 80 рӯз  ба ин натиҷа даст ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар бозии якуми даври 1/8 ниҳоӣ    “ПСЖ” бо ҳисоби 4 бар 1 “Барселона”-ро шикаст дода буд. Мбаппе дар он вохӯрӣ   муалифи  хет-трик гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив