LIVE

Беҳтарин бозигари ҳафта дар Лигаи чемпионҳо

Аз рӯи натиҷаи бозии охирини марҳилаи 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо довталабон барои унвони беҳтарин бозигари ҳафта муайян шуданд. Саҳифаи расмии УЕФА исми номзадҳоро нашр кардааст.  Ҳамин тавр, дар байни довталабон  ҳамлагари “Челси” - Оливйе Жиру низ дида мешавад, ки голи задааш “Челси”-ро дар сафар бар “Атлетико” (1:0) пирӯз гардонид. Ҳамлагари  “Бавария” - Роберт Левандовский, ки ба дарвозаи “Латсио” гол зад(4:1). Инчунин ҳимоятгарон Ферлан Менди аз “Реал Мадрид” ва Жоао Кансело аз “Манчестер Сити” ба ин ҳайат шомил шудаанд.  Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта унвони беҳтарин бозигарро ҳамлагари «Пари-Сен Жермен»  - Килиан Мбаппе, ки ба дарвозаи “Барселона” хет-трик намуда буд, ба даст овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив