LIVE

Чаро унвони беҳтарин бозигари ЛЧ ба Неймар дода нашуд?

Нишонзани «Манчестер Сити» - Габриэл Жезус беҳтарин бозигари  Лигаи Чемпионҳо дар ҳафтаи гузашта эътироф шуд. Дар ин бора сомонаи расмии УЕФА иттилоъ дод. Дар даври гузашта футболбози 22 солаи бразилитабор ба дарвозаи «Динамо» Загреб  се гол зада, хет-трикро дар номи худ муҳр зад ва ҳамчунин муаллифи партофти головар шуд. Дар мубориза барои соҳибшудани беҳтарин футболбози ҳафта дар Лигаи Чемпионҳо, Жезус аз ҳамлавари «Наполи» Аркадиуш Милик, ситораи «Пари Сен-Жермен» Неймар ва аз Жоау Фелиш пеш гузашт. Нишонзани 22 сола дар таърихи Лигаи Чемпионҳо ҷавонтарин бозигаре шуд, ки 10 гол ба самар расонидааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив