УЕФА дар сомонаи расмии худ номи футболбозони беҳтарин мавсими солҳои 2019/2020 -ро эълон кард.
Барои ҷоиза нимҳимоятгари "Манчестер Сити" Кевин Де Брюйне, ҳамлагари "Бавария" Роберт Левандовски ва дарвозабони мунтахаби Олмон Мануэл Нойер мубориза мебаранд. Номи ғолиб рӯзи 1 октябр эълон хоҳад шуд.Ҳафт бозигари дигаре, ки ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуданд, имконияти ба даст овардани унвони беҳтарин футболбози Аврупоро аз даст доданд. 10 футболбози беҳтарини мавсими гузашта чунин мавқеъ гирифтанд:
4-5. Лионел Месси («Барселона») – 53 овоз
4-5. Неймар («Пари Сен-Жермен») – 53
6. Томас Мюллер («Бавария») – 41
7. Килиан Мбаппе («ПСЖ») – 39
8. Тяго Алкантара («Бавария» / «Ливерпул») – 27
9. Йозуа Киммих («Бавария») – 26
10. Криштиану Роналду («Ювентус») – 25.