LIVE

Левандовски дар 13 соли охир аввалин нафаре шуд, ки унвонро аз Роналду ва Месси гирифт

Бори аввал аз соли 2007 на Роналду ва на Месси беҳтарин нишонзани  Лигаи Чемпионҳо нашуданд.
“Бавария” аз Мюнхен Лигаи қаҳрамонҳоро ба даст овард ва дар финал “ПСЖ”-ро (1-0) мағлуб кард.  Ҳамлагари бошгоҳи мюнхенӣ - Роберт Левандовски бо 15 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд. Барои ҳамлавари полшагӣ ду гол нарасид то рекорди Криштиану Роналдуро (17 гол) такрор намояд. 
Соли 2007 беҳтарин голандози мусобиқа Кака гашта буд. Аз ҳамон сол ҷоизаи мазкур ё насиби  Криштиану Роналду, ё Лионел Месси мегашт. Дар мавсими анҷомёфта форварди “Ювентус” 4 гол ва рақиби азалии ӯ Месси 3 гол задаанд.  
Унвони беҳтарин нишонзани Лигаи Чемпионҳоро ҳамлавари португалӣ 7 маротиба ва бозигари тими миллии Аргентина шаш маротиба соҳиб шудаанд. Аммо соли 2015 дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа яку якбора 3 ҳамлагар: Роналду, Месси ва Неймар (он замон бозигари “Барселона” буд) қарор гирифт. 
Ҳамчунин Роберт Левандовски сар аз соли 1993 аввалин намояндаи Бундеслига гардид, ки унвони мазкурро ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив