УЕФА дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи нашрияҳои варзишии Аврупо беҳтаринҳои футболро интихоб ва бо ҷоизаҳои махсус сарфароз гардонид. Ин маросим ҳамасола дар моҳи август баргузор мешуд, аммо имсол бо дарназардошти тӯлонӣ шудани мавсим дар моҳи октябр баргузор карда шуд. Барои интихоби беҳтаринҳои мусбиқаҳои УЕФА мураббиёни 80 дастаи иштирокчии Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо, ҳамчунин 55 журналисти соҳаи варзиш овоз доданд. Ҳамлавари бошгоҳи «Бавария» - Роберт Левандовски унвони беҳтарин футболбози мавсими 2019/2020-ро бо фарзияи УЕФА ба даст овард. Ҳамлавари лаҳистонӣ ҷоизаи беҳтарин футболбози мавсимро дар маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ба даст овард. Инчунин Левандовски беҳтарин ҳамлавари Лигаи чемпионҳо гардид. Барои соҳиб шудани ҷоизаи мазкур дар баробари Левандовски, инчунин нимҳимоятгари «Манчестер Сити» Кевин Де Брёйне ва дарвозабони «Бавария» Мануэл Нойер муддаии асосӣ ба шумор мерафтанд.