LIVE

Мбаппе Алянс Аренаро тасхир намуд


Дар бозии “Бавария” – “Пари Сен-Жермен”, ки дар майдони Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен, майдони хонагии “Бавария” баргузор гардид, ҳисобро дар дақиқаи сеюм, ҳамлавари ҷавони фаронсавӣ Килиан Мбаппе бо партоби головари зебои Неймар ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 28-ум бошад, бозингари меҳмонон Маркинюс боз ҳам бо партоби Неймар голи дуюмро равонаи дарвозаи олмониҳо намуд. Дар дақиқаи 37-ум, мизбонон бо голи задаи Эрик Шупо-Мотинг як голро равонаи дарвозаи Кейлор Навас намуд. Дар дақиқаи 60-ум мюнхениҳо бо голи задаи Томас Мюллер ҳисобро баробар намуданд, аммо баъди ҳашт дақиқа боз ҳам Мбаппе бо голи дуюми худ парижиҳоро ба пеш бурда, пирӯзиро дар сафар бо 3 гол таъмин намуд.

“Бавария” 2 -3 “Пари Сен-Жермен”. Голҳо: Мбаппе (дақ.3), Маркинюс (дақ.28), Шупо Мотинг (дақ.37), Мюллер (дақ.60) ва Мбаппе (дақ.68).

Бозии ҷавобии ин ду даста, 13 апрел дар майдони “Парк де Пренс”- и шаҳри Париж баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив