LIVE

"Бавария" 3 гол хӯрд, аммо ғалаба кард

Дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Олмон бошгоҳҳои "Бавария" ва "Хоффенхайм"  ба ҳам омаданд. Бозӣ дар варзишгоҳи "Алянс-Арена"-и шаҳри Мюнхен бо натиҷаи 4:3 бо ғалабаи соҳибони майдон ба итмом расид. Голи якумро дар дақиқаи 8-ум муҳофизатгари "Бавария" - Жером Боатенг ғайриинтизор тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид намуд. Дере нагузашта футболбози "Хоффенхайм" - Бенямин Хюбер ба иштибоҳ роҳ дода, таносубро такрор намуд. Дар идомаи рақобат Томас Мюллер як гол ва Роберт Левандовски ду голи дигар заданд.  Дар охири бозӣ Мунас Даббур ду гол ба дарвозаи "Бавария" зада, ҳисобро 4 бар 3 намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив