LIVE

Голи Мбаппе ва Икарди ғалабаи парижиҳоро таъмин кард

Дар даври 27-уми Чемпионати Фаронса тимҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Дижон» вохӯрии худро доир намуданд. Дидори дастаҳо дар майдони «Парк де Пренс»-и Париж доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 0  ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Дар дақиқаи 3-юми пайти аввал нимҳимоятгари тими «ПСЖ» - Пабло Сарабия аз партофти Маркиниос истифода намуда, ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 74-ум Килиан Мбаппе таносубро дуболо кард. Мауро Икарди голи сеюми парижиҳоро зад. Нуқтаи ниҳоиро Мбаппе гузошт. Килиян дар ин бозӣ ба номаш дублро сабт намуд. Тими ПСЖ бо дарёфти 68 хол садрнишини ягонаи ҷадвали умумии Чемпионати Фаронса ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи «Дижон» бо ба даст овардани 27 имтиёз дар зинаи 17-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив