LIVE

Хет-трики Мбаппе “ПСЖ”-ро ба финал баровард

Дар бозии марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Фаронса бошгоҳи “ПСЖ” бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 тими “Лион” - ро мағлуб намуда, соҳиби роҳхати марҳилаи ниҳоии мусобиқа гардид. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Стад де Люмер» доир гардид. Дар дақиқаи 11-уми пайти аввал бозигари тими  “Лион” - Мартен Терие ҳисобро кушод. Бо гузораи 3 дақиқа  Килиан Мбаппе тансубро барқарор намуд. Дар дақиқаи 64-уми пайти дуюм Неймар аз нуқтаи пеналти тимашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 70-ум Мбаппе ҳисобро дучанд намуд. Голи чорумро ба дарвозаи “Лион” Пабло Сарабия зад. Нуқтаи ниҳоиро Мбаппе гузошт. Дар ин бозӣ ҳамлавари фаронсавӣ ба номаш хет-трикро сабт намуд.  Дар бозии ниҳоии Ҷоми Фаронса бошгоҳи ПСЖ бо ғолиби ҷуфти «Сент-Этиен» ва «Ренн» неру месанҷад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив