LIVE

Неймар ва Мбаппе дар назди ҳунари Ҳоланд оҷиз монданд

Дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо  дастаи «Боруссия» дар майдони «Сигнал Идуна Парк»-и шаҳри Дортмунд дастаи «Пари Сен-Жермен»-и Фаронсаро пазируфт. Дар дақиқаи 69-ум ҳамлавари ҷавони “Боруссия”- Эрлинг Ҳоланд ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 75-ум бошад, Неймар натиҷаро баробар сохт. Бо гузашти ду дақиқаи дигар Энринг Ҳоланд як маротибаи дигар дарвозаи парижиҳоро рахна намуда, ду голро марбути номи худ сохт. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Боруссия Дортмунд ба анҷом расид.  Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 11-уми март дар Париж доир мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив