LIVE

Ғалабаи ”Манчестер Юнайтед” дар Париж

Дар бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо “Пари Сен-Жермен” дар майдони худ “Манчестер Юнайтед”ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Парк де Пренс дар шаҳри Париж баргузор шуд ва бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Дар дақиқаи 23-юм, довари асосии вохӯрӣ ҷониби дарвозаи  “Пари Сен-Жермен” пеналти таъин кард, ки онро нимҳимоятгари «Манчестер Юнайтед» Бруно Фернандес бомуваффақият иҷро намуд. Дар дақиқаи 55-уми вохӯрӣ, ҳамлагари меҳмонон Энтони Марсиял тӯбро ба дарвозаи худ ворид сохта,  ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагар Маркус Рашфорд голи пирӯзии “Манчестер Юнайтед”-ро ба ҳадафрасонид. 
Дар бозии дигари гурӯҳи H тими РБ “Лейптсиг” меҳмони клуби “Истанбул Басакшеҳир” шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи олмонӣ бо ҳисоби 2:0 хатм шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив