LIVE

"Барселона" ба плей-офф набаромад. Натиҷаи рақобатҳои даври ниҳоии Лигаи чемпионҳо

Дирӯз, 8-уми декабр дар қораи Аврупо рақобатҳои ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо баргузор шуданд. Яке аз дидорҳои марказии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ ин дидори дастаҳои “Бавария” ва “Барселона” буд, ки он бозӣ бо натиҷаи 3:0 ба суди олмониҳо хотима ёфт.

Пас аз анҷоми бозиҳои баргузоршуда аз 16 иштирокчии плей-оффи Лигаи Чемпионҳо 15-тояш муайян шуданд: «Манчестер Сити», «ПСЖ», «Ливерпул», «Атлетико», «Аякс», «Спортинг», «Реал», «Интер», «Бавария», «Бенфика», «Манчестер Юнайтед», «Лилл», «Залтсбург», "Ювентус" ва "Челси".

Бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА миёни дастаҳои «Аталанта» - «Вилярреал», ки мебоист 8-уми декабр дар шаҳри Бергамо (Италия) баргузор мешуд, ба далели боридани барфи зиёд ба рӯзи 9-уми декабр мавқуф гузошта шуд. Бар асоси натоиҷи ин вохӯрӣ, охирин иштирокчии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2021/2022 муайян хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки барандаи феълии Лигаи Чемпионҳои УЕФА «Челси»-и Лондон мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив