LIVE

Маросими қуръакашии даври 1/8-ниҳоии ЛЧ кай доир мешавад?

Маросими қуръакашии даври 1/8 - ниҳоии Лигаи Чемпионҳо рӯзи 18-уми декабр дар шаҳри Нйони Швейтсария баргузор мешавад. Маросим соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар қуръакашӣ 16 дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ду ҷойи аввалро гирифтанд, ширкат мекунанд. Дастаҳое, ки роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуданд, инҳо «Бавария», «Боруссия»-и Дортмунд, «Арсенал», «Манчестер Сити», «Реал Мадрид», «Барселона», «Реал Сосйедад», «Атлетико Мадрид», «ПСЖ», «Интер», «Латсио», «Наполи», «Порту», «Лейптсиг», «Копенгаген» ва «ПСВ» мебошанд.
Бозиҳои аввали марҳилаи 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 13/14/ ва 20/21 феврали соли 2024 баргузор мешаванд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 5/6/ ва 12/13 март доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии Лигаи Чемпионҳо мавсими 2022/23 дастаҳои «Интер»-и шаҳри Милан ва «Манчестер Сити»-и шаҳри Манчестер вохӯрда буданд. Шогирдони Пеп Гвардиола дар ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 68-ум нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Сити”-и Испания - Родри ба самар расонд. “Шаҳриҳо” бори аввал дар таърихи худ ғолиби Лигаи Чемпионҳо шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив