11-уми ноябр бозии даври 11-уми Бундеслигаи Олмон миёни тимҳои «Бавария» ва «Хайденхайм» дар варзишгоҳи «Алянс-Арена»-и шаҳри Мюнхен хотима ёфт. «Бавария» бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст оварда, ҳамлавари мизбонон Ҳарри Кейн бо ду голи навбатияш рекорди Бундеслига гузошт.
Бозигари англис аввалин бозигаре дар таърих гардид, ки 17 гол дар 11 даври аввали Бундеслига ба самар расонидааст. Ғайр аз ин, ӯ дар чорумин бозии паиҳам бештар аз як гол мезанад.
Ҳамлавари 30-сола дар мавсими ҷорӣ 16 бозӣ дар сафи «Бавария» дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, дар ҳисобаш 21 голу ҳафт ассист дорад.