LIVE

Ҳамлавар Эрик Шупо-Мотинг аз «Бавария» рафтанист

Ҳамлавари  «Бавария» Эрик Шупо-Мотинг метавонад дар равзанаи зимистонаи трансферӣ дастаро тарк намояд, хабар медиҳад Kicker. Ба иттилоъи сарчашма нақши ҳамлавари 34-сола дар даста поён рафтааст.
Ҳамлавари асосии ин тим Ҳарри Кейн буда, бар ивази ӯ баъзан Мэтис Тели 18-сола ба майдон меояд.
Шупо-Мотинг ба сафи «Бавария» моҳи октябри соли 2020 чун футболбози озод гузариш намуда, шартномаи ҳамлавар бо ин тим то тобистони соли 2024 мӯҳлат дорад. Сомонаи Transfermarkt ҳамлавари камеруниро   5 млн евро нархгузорӣ кардааст.
Мавсими ҷорӣ Шупо-Мотинг нӯҳ маротиба дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, ба задани ду гол даст ёфтааст.
Дар се мавсими хеш дар «Бавария» ҳамлавар соҳиби се унвони қаҳрамонии Бундеслига, як Суперҷом ва як қаҳрамонӣ дар чемпионати бошгоҳии ҷаҳон шуда, дар умум Шупо-Мотинг нӯҳ ҷоиза ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив