LIVE

«Манчестер Юнайтед» ҳамватани Мессиро бозпас меорад

«Манчестер Юнайтед» нисбати ҳамлавари «Бока Хуниорс» Карлос Тевес  мароқ зоҳир намудааст.Чунин хабарҳоро Tuttosport тасдиқ мекунад.
Аз рӯи маълумоти сарчашма бошгоҳи англисӣ ният дорад,ки дар равзанаи зимистонаи трансферӣ футболбози мазкурро ба иҷора гирад. Дар ҳайати маникуаниҳо Тевес метавонад,ки Маркус Решфорди ҷароҳатбардоштаро иваз намояд, нафаре,ки тайи чанд ҳафта ба майдон баромада наметавонад.
Ёдрас мекунем,ки Карлос Тевес аллакай дар сафи     «Манчестер Юнайтед» аз соли 2007 то соли 2009  ҳунарозмоӣ намуда, бо ин бошгоҳ ду маротиба қаҳрамони Англия шудааст. 
Айни ҳол бошад Тевес дар сафи «Бока Хуниорс» баромад намуда, ба ин тими шаҳри Буэнос-Айрес Карлито моҳи январи  соли 2018 аз чемпионати Чин гузариш намуд. Дар мавсими ҷорӣ ин ҳамлавари 35-солаи аргентинӣ дар даҳ бозии чемпионати Аргентина (чор бозӣ — дар ҳайати асосӣ) ба майдон баромада,ба задани се гол даст ёфтааст. Қарордоди кории Тевес бо “Бока Хуниорс” бошад то тобистони соли ҷорӣ мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив