LIVE

“ПСЖ” ва “Бавария”: кӣ ғалаба мекунад?

13-уми апрел дар шаҳри Париж бозии ҷавобии даври ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА байни тимҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Бавария”-и Мюнхен баргузор мешавад. Тавре ки шумо медонед, дар Мюнхен парижиҳо ба туфайли дубли Килиан Мбаппе ва як голи Маркинос “Бавария”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карданд. Голҳои соҳибони майдонро Эрик Шупо-Мотинг ва Томас Мюллер ба самар расонданд. Шубҳае нест, ки бозии ҷавобӣ низ нусхаи дидори аввал бошад, зеро интизор меравад, ки  лаҳзаҳои хатарнок дар ҷараёни рақобат зиёд хоҳад буд. Ҳарду даста танҳо ба ҳамла равона карда мешаванд, алахусус  “Бавария”, ки бояд аз як гол бештар  зананд.  Ҳоло маълум нест, ки Роберт Левандовски ва Серж Гнабри дар Париж бозӣ мекунанд ё не. Дар бозии аввал набудани онҳо эҳсос карда шуд. Бисёр ҳолат дар “Бавария” касе набуд, ки ба дарвозаи Кейлор Навас зарбаи ниҳоӣ занад. Агар ҳамон Левандовский дар майдон мебуд, дастаи Флик 5-6 гол мезад. Аз нигоҳи Шумо дар дидори ҷавобӣ кадом даста ғалаба мекунад?. Назари худро дар шарҳ нависед. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив