LIVE

Торумори "Барселона" аз ҷониби "Бавария"

Дар бозии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо “Барселона” аз “Бавария” бо ҳисоби бузурги 8 бар 2 мағлуб шуд.
Голи аввалро дар вохӯрӣ Томас Мюллер аллакай дар дақиқаи 4-ум зад. Пас аз се дақиқа, Давид Алаба тӯбро ғайри интизор ба дарвозаи дастаи худ ворид сохта, ҳисоб 1 бар 1 шуд. Шуруъ аз дақиқаи   21-ум  то 31-уми рақобат бозикунони “Бавария” се голи дигар заданд.  Иван Перишич, Серж Гнабри ва Томас Мюллер муаллифи зарбаҳои дақиқ шуданд. Қисмати аввали бозӣ бо ҳисоби 4:1 ба анҷом расид. “Барселона” дар таърихи худ бори паввал дар қисми аввали бозии Лигаи Чемпионҳо 4 гол хурд.  “Барселона” нимаи дуввумро фаъолтар оғоз кард ва як гол зад - Луис Суарес бори дуюм хати дарвозаи мюнхениҳоро рахна кард.  Аммо баъд аз он, танҳо "Бавария" гол зад: Йозуа Киммих,   Роберт Левандовски ва ду голи дигарро бошад, бозигари худи каталониҳо Филипп Коутиню ба ҳадаф раоснид. “Барселона” тар таърихи даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аввалин дастае шуд, ки чунин голи зиёд хӯрд. Ҳарифи бошгоҳи мюнхенӣ дар даври нимниҳоӣ баъди рақобати дастаҳои “Ман Сити” ва “Лион” маълум хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив