LIVE

Панҷ голи "Айнтрахт" ба дарвозаи "Бавария"

"Бавария" дар бозии даври 10-уми Бундеслига аз "Айнтрахт" Франкфурт бо шикасти калон мувоҷеҳ шуд. Бозӣ бо ҳисоби калон 5:1 ба фоидаи мизбонон ҷаъбаст шуд. Ин мушкилӣ баъди корти сурхи Жером Боатенг (дақ 10) ба вуқуъ пайваст. Голҳоро аз дастаи мизбонон ба Филип Костич (25), Ҷибрил Соу (38), Давид Абраҳам (49), Мартин Хинтереггер (61) ва Гонсалу Пасиенсиа (85) марбути номи худ карданд. Як голи меҳмонон ба Роберт Левандовский дар дақиқаи (37) таалуқ дорад. Роберт Левандовский дар 10 бозии мусобиқа пайиҳам гол мезанад. Ӯ бо ин нишондод рекорди Клауса Аллофса, ки соли 1984 ва Пер-Эмерика Обамеянг соли 2015-ро такрор кард. Намояндагони шаҳри Мюнхен охиринбор соли 2012 дар Суперҷоми Олмон аз "Боруссия" Дортмунд ба дарвозаи худ панҷ гол сар дода буданд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив