LIVE

«Боруссия» дарвозабони асосии хешро бар ивази 50-60 млн евро фурӯхтанист

Ҷузъиётҳо оиди шартномаи нав миёни дарвозабони шветсарӣ Грегор Кобел ва «Боруссия»-и Дортмунд маълум шуданд. Оиди ин журналист Флориан Плеттенберг дар шабакаи иҷимоии Х (пештар Twitter) хабар додааст. Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи қаблӣ ҷонибҳо шартномаи ҳамкориро то охири моҳи июни соли 2028 тамдид намуданд.
Тибқи иттилоъи сарчашма қарордоди нав дорои аризиши муайян мебошад, вале қайд карда мешавад, ки дар сурати омадани пешниҳоди харидорӣ дар ҳаҷми 50-60 млн евро  «Боруссия» дарвозабони худро дар даста нигоҳ дошта наметавонад. Айни ҳол шветсарӣ яке аз гаронмуздтарин бозигарони «занбӯрҳо» бо маоши солонаи 9 млн евро мебошад.
Мавсими ҷорӣ Кобел дар сафи «занбӯрҳо» нӯҳ бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, қарордоди пешин то охири моҳи   июни соли 2026 мӯҳлат дошта буд. Арзиши тахминии Кобел бино ба иттилоъи сомонаи  Transfermarkt 35 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив