LIVE

«Соро Компания-2» ғолиби Ҷоми «Рахш Такси»-2024 гардид

Дар бозии ниҳоии мусобиқаи анъанавӣ оид ба футзал барои дарёфти Ҷоми «Рахш Такси»-2024 тими «Соро компания-2»  бо дастаи «Динамо»-и ВКД бозӣ намуд. Дидори дастаҳо аз оғоз то анҷом бисёр ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 5 бар 3 ба суди «Соро компания-2» ба анҷом расид. Дар дидори мазкур аз ҳайати дастаи «Соро компания-2» якбора ду бозигар - Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба задани ду голӣ муваффақ омаданд. Як голи дигарро Беҳрӯзи Баҳодур вориди дарвозаи «Динамо» намуд. Бо ҳамин тартиб тими «Соро компания-2» дар баробари медали тило, Ҷоми қаҳрамонӣ,  инчунин бо 33333 сомонӣ мукофопулӣ қадрдонӣ шуд. Бозигарони дастаи «Динамо» бо медалҳои нуқра ва 13333 сомонӣ мукофотонида шуданд. Тими «Ориёнбонк» дар мусобиқаи мазкур зинаи сеюмро моли хеш карда, соҳиби 3333 сомонӣ шуд. 
Ҷоми «Рахш Такси»-2024🚕
Беҳтарин дарвозабон: Исроил Давлат («Соро компания-2»)
Беҳтарин нишонзан: Султон Мирзоев («Кумитаи андоз»)
Беҳтарин бозигар: Меҳроб Раҳимов («Соро компания-2»)
Ҷои сеюм: «Ориёнбонк»
Ҷои дуюм: «Динамо»
Ҷои якум: «Соро компания-2»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив